ИМА ба маблағи 100 ҳазор доллар ба Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизот тақдим кард

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар маросими тантанавӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти назорати ҳуҷҷатҳо дар сарҳад ва санамӯҳрҳо тақдим намуд. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин маросим фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳузур дошт. Гуфта мешавад, таҷҳизоти тақдимгардида 100 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, қисме аз лоиҳаи […]

Иттилоияи расмӣ

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар маросими тантанавӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти назорати ҳуҷҷатҳо дар сарҳад ва санамӯҳрҳо тақдим намуд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин маросим фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, таҷҳизоти тақдимгардида 100 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, қисме аз лоиҳаи арзишаш 500 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, ки баҳри тақвият додани ҳамкориҳои минтақавӣ байни мақомоти сарҳадии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона карда шудааст. 

“Илова бар дастгирии техникӣ, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳбуди инфрасохтор ва ташаккули иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад”, – омадааст дар варақаи матбуоии сафорати ИМА.

Қайд мешавад, ки моҳи ҷорӣ Сафорати Амрико 300 ҳазор доллари ИМА-ро барои бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ таъмин намудани қушунҳои сарҳадӣ, ки дар назорати сарҳад ба онҳо кӯмак мерасонад, ҷудо менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумати ИМА Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди фаъолияташон, ки моҳи ҷорӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд, табрик менамояд.  ИМАо тавассути ҳамкории мудавом бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар шарикони амниятӣ дастгирии Тоҷикистонро дар пойдории истиқлолият ва амнияти давлатии ин кишвар давом хоҳад дод.  

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.