Нозирони минтақавии милитсия пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оиларо меомӯзанд

Дар шаҳри Душанбе Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ("ХАОМ – Тоҷикистон") дар доираи лоиҳаи “Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо барои кормандони маҳаллии низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омӯзиши таълимӣ (рӯзҳои 15-16 май) мегузаронад. Иштирокчиёни тренинг нозирони минтақавии милитсия аз 15 шаҳру […]

Иттилоияи расмӣ

Дар шаҳри Душанбе Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ("ХАОМ – Тоҷикистон") дар доираи лоиҳаи “Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо барои кормандони маҳаллии низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омӯзиши таълимӣ (рӯзҳои 15-16 май) мегузаронад.

Иштирокчиёни тренинг нозирони минтақавии милитсия аз 15 шаҳру ноҳияҳои мақсаднок ва 14 нафар нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иборат мебошанд, ки ба онҳо мундариҷа ва татбиқи Дастурамал «Доир ба ташкили фаъолияти кормандони мақомоти корҳои  дохилӣ оид ба пешгирӣ, бартарафкунӣ ва эътино намудан ба ҳолатҳои зўроварӣ дар оила» омӯзонида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани омӯзишҳои таълимӣ ин огоҳонидани саривақтии кормандони милитсия дар бораи амалисозии Дастурамали мазкур мебошад. Коршиносон  татбиқкунӣ, бароҳмонии низоми бозфиристӣ ва ҳамкории кормандони милитсияро бо субъектҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шарҳ медиҳанд.

Ин малакаҳо барои содда кардан, инчунин бароҳмонии низоми эътино, бартарафкунӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ, ва дар ҳолатҳои зарурӣ бозфирист намудан ба сохторҳои дахлдори давлатиро пешбинӣ мекунанд. Тамоми ин ташаббусҳо барои таъмини босифати хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки гирифтори зӯроварӣ дар оила шудаанд, равона мегарданд.

ХАОМ – Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро дар татбиқи лоиҳаи мазкур ва инчунин ба миқдори кофии вақт, ба татбиқи дурусти он дар системаи мақомоти давлатӣ ва корҳои дохилӣ манфиатдор месозад ва ҳамеша омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо иҷрои дастурҳои мазкур ҳамкорӣ намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.