Мастчоҳ: мард ҳамсарашро кушта, паҳлӯи ҳавлиаш гӯр кард

Asia-Plus

Сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи рӯзи 15-уми май дар ҳудуди ин ҷамоат ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик дастгир карда шуд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш муноқиша ва ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъдан шавҳараш ӯро дар селофан мепечонад ва ба чуқурии 2 метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гӯронида, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро партофтааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...