Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Данғара рафт

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун иштирок карда, бо вазъи корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара сарвари давлат нахуст аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи меҳнаткашони вилоят натиҷаи меҳнати сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии он ба таври шоиста муаррифӣ карда шуда, таъкид гардид, ки ҳадафи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии бештари аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...