Мастчоҳ: 20 зарбаи корд ба ҷисми ҳамсари бародар

Куштору қаллобӣ ва ришваситонӣ давоми як шабонарӯз.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз куштор, қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ришваситонии табиб хабар медиҳад.

Тавре дар сомонаи Вазорат иттилоъ дода мешавад, рӯзи 23 май дар ҷамотаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ марди 43-сола ба гумони куштори ҳамсари бародараш боздошт шудааст.

“Ӯ дар хонаи истиқоматиашон бинобар сабаби муноқиша ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари бародараш, зани 42-сола, бо корди хоҷагӣ 20 маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Дар робита ба қаллобӣ гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин кор як сокини Душанбе, марди 40-сола боздошт шудааст.

“Ин мард, ки пеш бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст,  соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 27-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллар маблағ мегирад, вале то ҳол барнагардонидааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар мавриди ришваситонӣ гуфта мешавад, духтури осебшиноси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо истифода аз мансаб барои додани маълуомтнома дар бораи ивази гурӯҳи маъюбӣ аз сокини 28-солаи ҳамин ноҳия 3 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели ҳодисаҳои дар боло зикршуда мутобиқи моддаҳои дахлори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...