Эмомалӣ Раҳмон ҳамдиёронашро ҷиҳати саҳмгузорӣ ба рушди Хатлон даъват кард

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф […]

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо вазифаҳои мушаххас дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат ба зарурати истифодаи захираву имкониятҳо ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ишора кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аз рӯи таҳлилҳо бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он имконият ва иқтидорҳои худро то ба имрӯз ба таври пурра истифода накардаанд.

Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон амалӣ намудани 279 лоиҳа пешбинӣ шудааст, вале то имрӯз дар 172 лоиҳа иҷрои корҳо таъмин нагардидааст, қайд кард президент.

Сарвари давлат ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2019 ба ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Гуфта мешавад, баъди суханронии Президенти мамлакат раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Вахш, Носири Хусрав, Кӯшониён ва Қубодиён ва дигарон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот доданд.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи иҷрои босифати нақшаи даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияи муосир, рушди раванди саноатикунонии мамлакат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, истифодаи самараноки замин, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ташаббускорӣ барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, андешаронӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии қонунвайронкуниҳо, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон дастуру супоришҳо дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.