Мастчоҳ: 20 зарбаи корд ба ҷисми ҳамсари бародар

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз куштор, қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ришваситонии табиб хабар медиҳад. Тавре дар сомонаи Вазорат иттилоъ дода мешавад, рӯзи 23 май дар ҷамотаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ марди 43-сола ба гумони куштори ҳамсари бародараш боздошт шудааст. “Ӯ дар хонаи истиқоматиашон бинобар сабаби муноқиша ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари бародараш, зани 42-сола, […]

Куштору қаллобӣ ва ришваситонӣ давоми як шабонарӯз.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз куштор, қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ришваситонии табиб хабар медиҳад.

Тавре дар сомонаи Вазорат иттилоъ дода мешавад, рӯзи 23 май дар ҷамотаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ марди 43-сола ба гумони куштори ҳамсари бародараш боздошт шудааст.

“Ӯ дар хонаи истиқоматиашон бинобар сабаби муноқиша ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари бародараш, зани 42-сола, бо корди хоҷагӣ 20 маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Дар робита ба қаллобӣ гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин кор як сокини Душанбе, марди 40-сола боздошт шудааст.

“Ин мард, ки пеш бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст,  соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 27-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллар маблағ мегирад, вале то ҳол барнагардонидааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар мавриди ришваситонӣ гуфта мешавад, духтури осебшиноси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо истифода аз мансаб барои додани маълуомтнома дар бораи ивази гурӯҳи маъюбӣ аз сокини 28-солаи ҳамин ноҳия 3 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели ҳодисаҳои дар боло зикршуда мутобиқи моддаҳои дахлори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.