Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ аз наздик шинос шуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад, Маркази идоракунии Сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба таъсиси Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон 28 майи ҳамин сол 25 сол пур шуд.

Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.

Ҳамчунин Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул  ва фиристодани тамоми намуди ахбороти радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамоянд.

Сарвари давлат ҳамчунин бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии маркази мазкур  шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро  аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд.   Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати баландшиддати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман  назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...