«Ҷомадонҳои бунафшранг»-и Tcell ба дӯстдорони сайру саёҳат!

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell барои онҳое, ки сафар карданро дӯст медоранду зиндагии худро бе иртибот бо наздикону пайвандон тасаввур карда наметавонанд, маъракаи роумингии  “Ҷомадони бунафшранг”-ро эълон медорад! 30 ҷомадони зебои ранги бунафш “ҳамсафарон”- соҳибони баъдии худро интизоранд. Ҷоизаи асосии иқдом- роҳхати саёҳат ба яке аз кишварҳои зебову афсонавӣ хоҳад буд!

Сафар кардан- василаи беҳтарини тағйири вазъият ва иваз намудани завқу табъи худ аст. Кадом сайру саёҳат бе чизи асосӣ, бе ёрдамчии беминнат- ҷомадон, ки хеле замонавӣ асту бо мӯди охирин таҳия шудааст, мегузарад?

Аниқ чунин ҷомадонро шумо ҳангоми гирифтани бағоҷатон зуд пайдо менамоед, зеро он аз дигар борхалтаву ҷомадонҳо фарқ дорад!

Ширкати Тсеll ба шумо имконияти бурди ҷомадони зеборо, ки ранги Бунафш дорад, фароҳам меорад! Барои ин чӣ даркор аст?! Ҳамааш осон ва содда аст!

Аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳ 100 сомонӣ сарф намоед ва иштирокчии бурд шавед!

Шурӯъ аз моҳи июн, ҳар моҳ, на дертар аз санаи 15-ум панҷ ғолиби бурд тариқи генератори рақамҳои тасодуфӣ интихобу муайян карда мешаванд.

Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати сайёҳӣ ба яке аз кишварҳои дӯстдоштаи ҷаҳонгардон интизор аст!

Иқдом, тарзи гузаронидани он, рӯйхати ғолибон ва дигар навгониҳои марбут ба аксияи роумингиро тавассути сомонаи расмии ширкат  https://www.tcell.tj/ ва  саҳфаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ карда метавонед.

Ҳар дафъа, ки мо ҳар кадоме аз мо ба сафар мебароем, албатта дар хориҷ аз кишвар барои мо доштани алоқаи боэътимод, ки иртиботи доимиро бо хонаводаву пайвандон таъмин карда тавонад, зарур аст. Чанде қабл ширкати Tcell арзиши зангҳоро дар роуминг барои чанд кишвари ҳамсоя ва дур- Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Афғонистон ва Туркия коҳиш дод! Ҳамакнун, нархи  1 Мб Интернета дар роуминг ба кишварҳои мазкур ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад! Бо роумингҳои “Ҳақиқӣ” (Реалний) ва “Сабук” (Легкий) аз Тсеll ҳамеша дар иртибот бошед, эҳсосоту бардошти худро бо дигарон тақсим намоед, аз фаъолияти корӣ қафо намонед!

Барои тафтиши хизматрасониҳои роуминг, ки кадоме аз онҳоро Шумо пайваст кардаед, фармони  *601#– ро иҷро кунед. Пас аз ирсоли он ба шумо смс-паёмак бо матни хизматрасониҳои фаъолшуда меояд.  

Барои фаъолсозии хидматрасониҳои  «Реальний ва ё Легкий роуминг» мутаносибан тугмачаҳои *601*1#  ва ё *607*1# -ро пахш намоед. Пеш аз хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон тавассути замимаи My Tcell ин амалро низ ба анҷом расонидан мумкин аст. Фаъолгардонии хизматрасонӣ ройгон аст, фақат бояд дар тавозуни телефони Шумо бештар аз 5 сомонӣ вуҷуд дошта бошад. Маълумоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хизматрасониҳои роуминг дар пайванди зер:  https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...