Суди Душанбе ҷонибдори Давлати исломиро ба 14 соли зиндон маҳкум кард

Ҳайати мушовараи Суди шаҳри Душанбе Суҳроб Ҳасановро барои таблиғи наворҳои видеои созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда) муҷозот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди шаҳри Душанбе, Суҳроб Ҳасанови 28-сола аз ақидаву ҳадафҳои ин созмони террористӣ ҷонибдорӣ намуда, онро байни ҷавонон паҳну таблиғ мекардааст. “Бо намоиши видеороликҳои созмони террористии мазкур у гурӯҳи ноболиғонро […]

Ҳайати мушовараи Суди шаҳри Душанбе Суҳроб Ҳасановро барои таблиғи наворҳои видеои созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда) муҷозот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди шаҳри Душанбе, Суҳроб Ҳасанови 28-сола аз ақидаву ҳадафҳои ин созмони террористӣ ҷонибдорӣ намуда, онро байни ҷавонон паҳну таблиғ мекардааст.

“Бо намоиши видеороликҳои созмони террористии мазкур у гурӯҳи ноболиғонро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ даъват кардааст”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Қайд мешавад, ки тариқи барномаи «ShareIt» ӯ наворҳои видеоро дар бораи амалиёти ҷангии аъзои созмони террористӣ ба телефонҳои наврасон ирсол мекардааст.

“Рӯзи 23 марти соли 2018 Суҳроб Ҳасанов ҳамроҳи ду ноболиғ – Мустафо Қурбонов ва Ҳабибулло Давлатов ҷиҳати иштирок дар “ҷиҳод” ба Афғонистон роҳ пеш мегиранд, лекин дар роҳ ба самти сарҳад бемории ҷоғари Мустафо Қурбонов авҷ гирифта, ба Душанбе бармегарданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Суҳроб Ҳасанов ва чор нафар наврасон моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми кӯшиши такроран гузаштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздошт шуданд.

Нисбати Суҳроб Ҳасанов бо чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 401 (Зархаридӣ), 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатии Тоҷикистон) ва 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суқасди ҷиноят) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и Суди шаҳри Душанбе Суҳроб Ҳасанов ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Дар бораи дигар наврасони боздоштшуда маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.