Либоси ягонаи мактабӣ дар Ӯзбекистон ҳатмӣ мешавад

Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соли хониши 2018-2019 либоси ягонаи мактабӣ ихтиёрӣ буд. Аз соли нави хониш ин либос ҳатмӣ мешавад. Гуфта мешавад, ҷамъияти "Ӯзтукимачиликсаноат" рӯйхати муассисаҳоеро тартиб медиҳад, ки дар минтақаҳои Ӯзбекистон либоси […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соли хониши 2018-2019 либоси ягонаи мактабӣ ихтиёрӣ буд. Аз соли нави хониш ин либос ҳатмӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ҷамъияти "Ӯзтукимачиликсаноат" рӯйхати муассисаҳоеро тартиб медиҳад, ки дар минтақаҳои Ӯзбекистон либоси мактабӣ истеҳсол мекунанд. Дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр дар нуқтаҳои барои мардум мувофиқ дӯкони фурӯши либоси мактабӣ таъсис хоҳад шуд.

Вазорат гуфтааст, либоси мактабӣ ба қимати бозор фурӯхта мешавад. Мудирони мактабҳо ва омӯзгорон аз дахолат кардан ба раванди хариду фурӯши либос манъ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.