Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд гирдиҳам омаданд

Аз 30 май то 31 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар ҷаласа баррасии ҳафт масъалаи марбут ба амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳамкории байниидоравӣ дар назар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. Аз ҷумла ин […]

Аз 30 май то 31 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Дар ҷаласа баррасии ҳафт масъалаи марбут ба амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳамкории байниидоравӣ дар назар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Аз ҷумла ин масъалаҳо иборатанд аз баргузор намудани чорабиниҳои маҷмӯавии мувофиқашуда ва муштараки фаврӣ ва пешгирии мубориза бо ҷинояткорӣ ва ташкили механизмҳои амалии ҳамкории мутақобилаи байнидавлатӣ дар соҳаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра.

Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мазкур вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода намояндагӣ мекунад.

Дар ҷараёни кори ҷаласа ҳамчунин қабули Консепсияи ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030, баррасии ҷараёни таҳияи Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобила оид ба масоили расмиёти шаҳодатномаи бозгашт ба шахсони мавриди ихроҷи маҷбурӣ ва дигар масоили муҳим ба нақша гирифта шудааст.

Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ соли 1996 таъсис ёфта, ба ҳайати он вазирони корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд. Намояндагони Туркманистон дар ҷаласаҳои ҷудогонаи ин шӯро иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.