Раиси Шӯрои Аврупо аз кӯли Сарез боздид мекунад

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск шоми рӯзи 29-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Боздиди раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф […]

АМИТ “Ховар”

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск шоми рӯзи 29-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Боздиди раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф бо роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, аз чанд мавзеъи кишвари мо боздид ба амал орад.

Нахуст дар Қасри миллат маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск баргузор гардида, сараввал  мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Туск  ва сипас мулоқоти   васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо баргузор мешавад.

Раиси Шӯрои Аврупо Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати  тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и  шаҳри Душанбе  дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз  боздид мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Шӯрои Аврупо, дар дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идораи марзҳо, инчунин амнияти минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.