Осоишгоҳи “Баҳористон” ба наздикӣ рақиб пайдо мекунад

Asia-Plus

Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, маҷмаа бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Чуноне зимни шиносоии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷум корҳо идома дорад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулини соҳаи сохтмон дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар соҳили обанбори Қайроққум дар шаҳри Гулистон айни замон якчанд минтақаҳои истироҳату сайёҳӣ амал мекунанд, ки бештар маъруфашон осоишгоҳи “Баҳористон” шуморида мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикитсон сохта шуд. Феълан натанҳо барои тоҷикистониён, балки шаҳрвандони хориҷӣ низ макони писандидаи истироҳату табобат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...