Табиб: Ҷарроҳии аввали Осияи 6-сола муваффақона анҷом ёфт

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Ҷарроҳии якуми Осияи 6-сола, ки аз оташзанӣ захмҳои зиёд гирифта буд, муваффақона анҷом пазируфт. Дар ин бора Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи рақами 3 ҳангоми сӯҳбат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҷарроҳӣ дар якҷоягӣ бо профессори шинохтаи тиб аз Олмон Эдгар Бимер сурат гирифта, вазъи солимии Осия беҳтар арзёбӣ мегардад.

– Саломатии Осия беҳтар шуда, ҷарроҳии авалин низ ба хубӣгузашт ва боз кай ҷарроҳӣ мешавад, маълум нест.  Худи Эдгар Бимер вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Ҳамзамон Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кардааст, ки дар муоина ва табобати дигар беморон низ саҳми худро хоҳад гузошт.

“Эдгар Бимер, дар беморхонаи “Медгородок” қарор дорад ва беморонро метавонад он ҷо табобат намояд”, – илова кард Зубайдов.

Фотима Зулфонова, модаркалони Осия низ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки вазъи солимии наберааш хуб шуда, умедворанд, ки ӯ базудӣ сиҳат мешавад”.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Зери назари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҷиҳати муоинаи вазъи саломатии ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Душанбе ташриф овард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...