Даргузашти ногаҳонии ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон субҳи 2 июл ба таври ногаҳонӣ вафот кардааст. Тавре сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” хабар медиҳад, ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид. Ҳамсари Убайдуллоев дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ зоҳир намешуд ва сирф ба тарбияи фарзандонаш машғул шуда, […]

Akhbor.com

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон субҳи 2 июл ба таври ногаҳонӣ вафот кардааст.

Тавре сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” хабар медиҳад, ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид. Ҳамсари Убайдуллоев дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ зоҳир намешуд ва сирф ба тарбияи фарзандонаш машғул шуда, ба масоили давлатӣ дахолат намекард.

Мардуми зиёде, аз ҷумла мансабдорони баландпоя барои изҳори таъзия ба манзили Убайдуллоев дар маркази Душанбе меоянд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ барои изҳори таъзия омадаанд.

Маросими намози ҷанозаи Рӯзигул Каримова субҳи 3 июл, соати 9 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамсари Убайдуллоев дар ҳоле аз олам чашм пӯшид, ки худи Убайдуллоев бо сафари корӣ дар Русия қарор дошт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳамсараш се фарзанд – ду писар ва як духтар доранд.

Писари калонии онҳо Ҷамолиддин Убайдулло, ки 39 сол дорад, дар Порис дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва Намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарханги СММ кор мекунад. Хабари даргузашти модараш ба Ҷамолиддин Убайдулло дар ҳоле расид, ки ӯ дар Порис қарор дошт.

Амирҷон Убайдуллоҳ, писари дуюми ин хонавода 37 сол дошта, мушовири калони бахши ёрдамчии президент дар масоили иқтисодӣ мебошад. Ӯ қаблан дар Вошингтон, пойтахти Амрико чанд сол ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул кор мекард ва соли 2013 ба Тоҷикистон баргашта, қариб 6 сол муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи президент буд.

Духтари шахрдори собиқи Душанбе Нигина Убайдуллоева, ки 30 сол дорад, чанд сол боз бо шавхараш дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 67 сол дошта, то соли 2017, дар тӯли қариб 20 сол ҳамзамон бо раёсати Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе низ буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2017 ба ҷои Убайдуллоев писари калониаш Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъйин кард.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба пайвандону наздикони марҳума изҳори тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.