Шамоли бошиддат дар Тошканд ва тӯфони чангу ғубор дар Душанбе

Дар Тошканд болоравии суръати шамол то 22 метр дар як сония пешгӯӣ шудааст. Дар ин робита огоҳии таъҷилӣ эълон шудааст. Ба Душанбе низ тӯфон наздик мешавад. Мақомоти шаҳрдории Тошканд дар шабакаи Telegam-и худ сокинон ва меҳмонони шаҳрро аз шамоли сахту бошидддат огоҳ кард. Ҳарорат рӯзона 40-41 ва шабона 21-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ҳамин ҳол, […]

Дар Тошканд болоравии суръати шамол то 22 метр дар як сония пешгӯӣ шудааст. Дар ин робита огоҳии таъҷилӣ эълон шудааст. Ба Душанбе низ тӯфон наздик мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Тошканд дар шабакаи Telegam-и худ сокинон ва меҳмонони шаҳрро аз шамоли сахту бошидддат огоҳ кард. Ҳарорат рӯзона 40-41 ва шабона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти обуҳавошиносони Тоҷикистон, рӯзи 3 июл суръати шамол аз самти ҷанубу ғарб то 17-22 метр дар як сония меафзояд, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бо чангу ғубори зиёд. Тӯфони чангу ғубор шаҳри Душанберо ҳам фаро мегирад.

Пас аз гармии беш аз 40 дараҷаи рӯзҳои охир, 3-5 июл ҳарорат то +33+35 дараҷа каме поин рафта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон боридани борон дар назар аст.

Аз рӯзи 5 июл боз болоравии ҳарорати ҳаво пешбинӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ, аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм шуда, дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.

Дар ин робита Кумита дар сомонаи худ қоида ва тавсияҳоеро барои ҳарчи бештар худро эҳтиёт кардану эмин мондан аз гармӣ нашр кардааст, ки шинос шудану донистани онҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.