Ӯзбекистон ба таъмини Афғонистон бо нерӯи барқ 45 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад

Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи шимоли Афғонистон вохӯриии роҳбари ҳокимияти иҷроияи ин кишвар Абдулло Абдулло бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд, хабар медиҳад АИ “Фергана”. Зимни гуфтушунид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо ва рафти иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида баррасӣ шуданд. Аз ҷумла Орипов изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо […]

Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи шимоли Афғонистон вохӯриии роҳбари ҳокимияти иҷроияи ин кишвар Абдулло Абдулло бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд, хабар медиҳад АИ “Фергана”.

Зимни гуфтушунид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо ва рафти иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла Орипов изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо Афғонистон дар бахшҳои гуногун, аз қабли соҳаи кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва бахши энергетика, ҳамчунин ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои бо нерӯи барқ таъмин кардани Афғонистон омода аст.

“Ӯзбекистон барои сохтмони хати интиқоли барқ аз Сурхон (наздикии Бухоро) то Пули Хумрӣ дар Афғонистон бо арзиши 110 млн. доллар ва масофаи қариб 200 километр 45 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад”, – иброз доштааст сарвазири Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ҳукумати Афғонистон ваъда додааст, ки барои сармоягузорони ӯзбек шароити мусоид фароҳам меоварад ва барои сармоягузорони афғон низ муҳайё сохтани чунин шароитро дар Ӯзбекистон дархост кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.