Дастоварди бонувони ихтироъкори Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалӣ

Иттилоияи расмӣ

Санаи 1 июли соли ҷорӣ дар бинои  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор, шаҳри Сеул, Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, (санаи 20-23 июни соли 2019) бо пешниҳоди як қатор ихтироъҳо соҳиби ҷоизаҳо гардиданд, баргузор гашт.

Чорабиниро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуда, бонувон ихтироъкорони ҷумҳуриро бо ба даст овардани  ҷоизаҳои байналмилалӣ табрик намуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар баромади худ қайд карданд, ки «…Боиси ифтихор аст, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ, давраи масъулиятнокеро ба миён овард. Аз нишондодҳои оморӣ дида мешавад, ки сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон аз ҳисоби бонувон, махсусан бонувон-олимони тоҷик зиёд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари мардон низ бонувони мо дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои  таҳсилоти олии кишвар ба фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ машғул шуда, саҳми худро дар рушди соҳа мегузоранд.

Хурсандиовар аз он аст, ки имрӯз бонувони мо низ дар партави сиёсати гендерии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ихтироъҳои муассире меофаранд, ки дар фаъолияти рӯзмараи инсон татбиқ гардида ва ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамоянд…»

Ҳамчунин дар чорабинӣ и.в. Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода зимни баромади худ аз дастовардҳои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ давоми солҳои 2012-2019 ёдовар шуда қайд карданд «…Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф менамоянд ва ҳамчунин бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 Аз ҷониби Ҳайати Кумитаи тадорукоти 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки аз санаи 20 то 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 9 адад ихтироъи бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ бо 3 адад медали тилло, 4 адад медали нуқра ва 4 адад медали биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Дар маҷмуъ давоми солҳои 2012 то ба имрӯз бо пешниҳоди 44 адад ихтирои 34 бонувон ихтироъкорони ҷумҳурӣ, соҳиби 15 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 18 адад медали нуқра, 13 адад медали биринҷӣ, ҳамчунин 2 адад Гран-прӣ-и Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 адад Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон, 1 адад Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 адад Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.

Ихтироотҳои пешниҳоднамудаи бонувон-олимони ихтироъкори тоҷик ба соҳаҳои зерин таалуқ доранд: тиб 24 адад, кимиё 14 адад, нассоҷӣ 3 адад, физика 1 адад, саноат 1 адад ва металургӣ 1 ададро ташкил медиҳанд…»

 Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбарияти  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҷоизаҳои байналмилалӣ дар муҳити тантанавӣ ва бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо супорида шуд.

 Бо «Медалҳои биринҷӣ»-и 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор қадрдонӣ карда шуданд:

-Ихтироъкорони ҷавон- докторант-PhD-курси 4-уми  факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Меҳринигори Булбулназар барои ихтирои «Тарзи ҳосил кардани ранг аз маводи растанӣ» – TJ 957

номзади илмҳои фармасевтӣ, ассистенти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва токсикологии  Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино  – Наврузова  Ганҷина Фурқатовна барои ихтирои «Фераси таъсири антиоксидантӣ зоҳиркунанда» – TJ 975

сармутахассиси шуъбаи илму инноватсияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷалилзода Фарзона барои ихтирои «Дастгоҳи комплексии офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи гармӣ ва барқ»  – TJ 919, номзади илмҳои кимиё, мудири кафедраи химияи Факултаи муҳандиси-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  – Шарипова Мавзуна барои ихтирои «Тарзи ҳосил намудани ранги зарди ғизоӣ аз решаи ширинбия» – TJ  898

Бо «Медалҳои нуқрагинӣ»-и 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор қадрдонӣ карда шуданд:

-ассистенти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино – Раҳимова Робия Набиевна барои ихтирои «Малбсинкати фаъолияти зидди гиҷҷавӣ зоҳиркунанда» – TJ-866, аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино – Мадина Кариева барои ихтирои «Сохтор барои табобати  баромади модарзодии рон»- TJ-984 

, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Султонмамадова Маина Парвонаевна,барои ихтирои «Марҳами «Фиталит» таъсири гипохолестеринимикӣ, литолитикӣ ва гепатопротекторӣ дорад» – TJ 964, аспиранти шуъбаи ҷарроҳии умумии Муасисаи давлатии  Маркази тиббии шаҳрии №2 -Расулова Силсила барои ихтирои «Тарзи табобати ҷарроҳии норасои ҳалқамушак дар натиҷаи даридани ҷатан баъд аз таваллуд» – TJ 993;

Бо «Медали тилло» аз ҷониби Асотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон  ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” қадрдонӣ карда шуд:

 -номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Султонмамадова Маина Парвонаевна барои ихтирои «Марҳами «Фиталит» таъсири гипохолестеринимикӣ, литолитикӣ ва гепатопротекторӣ дорад» – TJ 964

 Бо ҷоизаи олӣ, «Медали тилло»-ии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва «Медали тилло»-и 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии Занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” қадрдонӣ карда шуд:

 – Ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фарматсевти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатмамадова Мавлуда Мамадниёзовна барои ихтирои «Маводи доруворӣ барои муолиҷаи аллергияи пӯст»- TJ 976;

Ин маротибаи ҳаштум аст, ки ихтироотҳои бонувон –ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баҳогузорӣ карда шуда, қадрдонӣ карда мешаванд.

Қайд кардан ба маврид, ки дар имсола озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» бону-ихтироъкор, Яминова Зарина, соҳиби медали тилоии В.Блинникови Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ зери унвони «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ» ва ҳамчунин дар Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ зери унвони  «Назар ба сӯи оянда» бонуи ҷавони тоҷик, донишҷӯи бахши сеюми Факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Манижаи Холмурод сазовори ҷоизаи Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ гардиданд.

Дастовардҳои мазкур, шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ихтироъкорӣ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...