Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи июни ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 70,000 евро (беш аз 750000 сомони) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. Кӯмак бевосита ба 2750 шахсони бештар осебдида дар баъзе ноҳияҳои аз ҳама бештар зарардидаи вилояти Хатлон ва Суғд […]

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи июни ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 70,000 евро (беш аз 750000 сомони) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. Кӯмак бевосита ба 2750 шахсони бештар осебдида дар баъзе ноҳияҳои аз ҳама бештар зарардидаи вилояти Хатлон ва Суғд расонида мешавад.

Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои расондани кӯмаки фаврӣ ба аҳолӣ бо дастрас намудани ашёҳои таомпазӣ ва  асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ равона хоҳад шуд. 

Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад, ки он имкон медиҳад, ки онҳо талаботҳои аз ҳама зарурии худро қонеъ намоянд.  Азбаски обхезиҳо дар бисёр маврид боиси бемориҳои гуногун мегарданд, ки тавассути об мегузаранд, миёни аҳолии осебдида корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи гигиенаи аввалия гузаронида шуда, маводҳои ахборотӣ паҳн карда мешаванд, ва инчунин лавозимоти гигиенӣ барои таъмини бехатарии санитарӣ дар давоми корҳои барқароркунӣ дастрас карда мешавад.

Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар санаи аз 1 то 7 июн боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 6700 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки беш аз 35 фоизи онҳо пурра хароб шуданд. Бештар вилоятҳои Хатлон ва Суғд зарар диданд, ки дар ҷануб ва шимоли мамлакат ҷойгиранд ва ба ин вилоятҳо беш аз 90 фоизи аҳолии осебдида рост меояд.

Ғайр аз моликияти худ ҷамоатҳои осебдида инчунин захираи хӯрокворӣ ва чорвои худро талаф кардаанд. Заминҳои кишт, ки манбаи асосии рӯзгордорӣ дар ин минтақаҳои асосан кишоварзӣ мебошанд, ба таври ҷиддӣ зарар диданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.