Ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 700 ҳазор доллар таҷҳизоту маводи тиббӣ тақдим шуд

Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо дастгирии моддии Ҳукумати Федератсияи Русия ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдаки таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва маводи тибби ба маблағи 700.000 доллари амрикоӣ супорид. Маросими расмии супоридани ин таҷҳизотҳои тиббӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон “Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” баргузор гардид. Маблағгузорӣ, хариди таҷҳозоти тиббӣ ва дастгирии техникӣ […]

Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо дастгирии моддии Ҳукумати Федератсияи Русия ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдаки таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва маводи тибби ба маблағи 700.000 доллари амрикоӣ супорид. Маросими расмии супоридани ин таҷҳизотҳои тиббӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон “Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” баргузор гардид. Маблағгузорӣ, хариди таҷҳозоти тиббӣ ва дастгирии техникӣ саҳми муҳими Ҳукумати Русия барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон мебошад.

Бояд қайд кард, ки беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдаки яке аз 12 ноҳияи интихобшуда мебошад, ки таҷҳизоти тиббӣ гирифтанд. Лоиҳаи “Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” соли 2016 оғоз ёфта, мақсади асосии ин лоиҳа паст намудани сатҳи фавти кӯдакон ва зиёд намудани имконияти дастрасии модарон ва кӯдакони навзод ба хизматрасонии тиббӣ дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон, ба монанди Панҷакент, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим, Рӯдакӣ, Рашт ва Лахш мебошад.

Дар маросими расмии супоридани таҷҳозотҳои тибби муовини вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини иштирок намуданд. Дар давоми татбиқгардонии  лоиҳаи мазкур  ҳамчунин як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ  барои кормандони марказҳои тиббӣ гузаронида шуд.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов дар баромади хеш дар маросими супоридани таҷҳизот дар ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуд:

“Миннатдории худро ба онҳое, ки имконияти иштирок дар ин чорабиниро фароҳам овардаанд, мерасонам. Бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Тоҷикистону Россия, кишвари мо пайваста тибқи нақша барои ба даст овардани дастовардҳо дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин ва дигар лоиҳаҳо нишонаи манфиатдор будани кишвари мо барои пешрафт ва рушди мардуми Тоҷикистон аст.”

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Калестини зимни баромади худ қайд намуд:

“Солимии кӯдакон ва модарон сармояи муҳимтарини ҳар як давлат буда, он яке аз самтҳои афзалиятноки ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва солимгардонии онҳо якҷоя кор намоем. Дар навбати худ миннатдории хешро ба Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии  чандинсолаи онҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ва хариди  таҷҳизоти техникии мазкур мерасонем. Бояд қайд кард, ки пешниҳоди ин таҷҳизот оғози солимии  шаҳрвандони “хурдакак”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.”

Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиндамонии кӯдакон, пайдо ва бартараф намудани камбудиҳо дар системаи тандурустӣ ва муҳофизату солимии ҳар як модару кӯдак бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Бо мақсади кам намудани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон барномаи дастгирии моддӣ-техникӣ ва машваратӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.