Якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон назди СУС апрели соли 2020 дар нақша аст

Ба Директори кулли СУС Роберто Азеведо тасдиқномаи Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид. Рӯзи 2 июли соли 2019 дар мулоқот бо Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби Роберто Азеведо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои […]

Ба Директори кулли СУС Роберто Азеведо тасдиқномаи Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид.

Рӯзи 2 июли соли 2019 дар мулоқот бо Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби Роберто Азеведо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС қайд намуд.

Зикр гардид, ки дар асоси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.

Дар вохӯрӣ Роберто Азеведо ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС баҳои баланд дод.

Дар охири мулоқот аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ба Директори кулли созмон тасдиқномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.