Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санги асос гузошта шуд. Бинои ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бинои нав дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории саховатмандону аъзои ҳизб сохта мешавад. Гуфта мешавад бинои нав аз ду ошёна […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санги асос гузошта шуд.

Бинои ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бинои нав дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории саховатмандону аъзои ҳизб сохта мешавад.

Гуфта мешавад бинои нав аз ду ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавиаш 500 ҳазор сомониро ташкмил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақша бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бояд то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дафтарҳои корӣ дошта, дар чанде аз ноҳияҳо барои роҳандози фаъолияти прусамар биноҳоро ба иҷора гирифтааст.

Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар Душанбе то нимаи соли гузашта дар бинои маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир буд. Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии ин маҷмаа, КИМ ҲХДТ дар мавзеи назди кинотеатри “Ватан” бино ба иҷора гирифт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.