Фавти зани тоҷикистонӣ ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати S7

Asia-Plus

Мусофирзан дар дохили ҳавопаймои ширкати S7, ки бо хатсайри Новосибирск – Якутск парвоз анҷом медод, даргузашт, хабар медиҳад ТАСС.

Шаби 7 июл ҳавопаймо бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии мусофирзан, таъҷилӣ ба фурудгоҳи шаҳри Братски вилояти Иркутск нишастааст.

“Ин ҳодиса шаби 6 ба 7 июл рух дод. Ҳавопаймои ширкати S7, ки бо хатсайри Новосибирск – Якутск парвоз анҷом медод, таъҷилӣ ба фурудгоҳи Братск нишаст, зеро вазъи солимии як зан – шаҳрванди Тоҷикистон бад шуда, дар дохили ҳавопаймо ҷон дод”, – хабар додаанд ба ТАСС дар Раёсати минтақавии Сибири Шарқии ВКД Русия дар нақлиёт.

Аз ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дастрас набуда, зикр мегардад, ки сабабҳои даргузашти зан мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...