Варзишгарони тоҷик дар Алмаато ду рекорди миллӣ гузоштанд

Варзишгарони тоҷик дар 19-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук – Ҷоми Гусман Косанов сазовори 11 медал гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа рӯзҳои 6-7 июл дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуда, дар он 220 варзишгар аз 14 давлат – Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, […]

Варзишгарони тоҷик дар 19-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук – Ҷоми Гусман Косанов сазовори 11 медал гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа рӯзҳои 6-7 июл дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуда, дар он 220 варзишгар аз 14 давлат – Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варздаанд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар 19-ум Ҷоми Гусман Касанов ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ даст ёфтанд.

“Гулсунбӣ Шарифова дар масофаҳои 200 (23.35 сония) ва 400 метр (52.70 сония) ду медали тилло ба даст оварда, дар масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт. Медали дигари тиллоро Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.90 сония сазовор шуд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:51.86, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.00 сония, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр ва 4х100 метр ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Қайд мешавад, ки медалҳои биринҷиро Абдурауф Мусоев дар гурзпартоӣ бо натиҷаи 58,70 метр, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.53 сония, Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.44 сония (рекорди миллӣ) ва Фаридун Ашӯров дар тела додани ядро бо натиҷаи 13.81 метр ба гардан овехтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҷоми Гусман Косанов ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (AAA) ворид гардидааст ва мусобиқаи рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.