Got Talent: киҳоянд онҳо – иштирокчиён аз Тоҷикистон?

Дар Душанбе даври интихобӣ (кастинг)-и шоуи телевизионии истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent ҷараён дорад. Шиносоии пешакӣ бо қобилияту истеъдоди довталабон аллакай доир гардида, акнун дар Театри опера ва балет наворбардории барномаи телевизионии шоу баргузор шуда истодааст. Садҳо нафар иштирокчиёну мухлисон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ. Бо иштирокчиён ва қобилияту истеъдоди онҳо ҳангоми наворбардории шоу дар […]

Дар Душанбе даври интихобӣ (кастинг)-и шоуи телевизионии истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent ҷараён дорад. Шиносоии пешакӣ бо қобилияту истеъдоди довталабон аллакай доир гардида, акнун дар Театри опера ва балет наворбардории барномаи телевизионии шоу баргузор шуда истодааст.

Садҳо нафар иштирокчиёну мухлисон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ. Бо иштирокчиён ва қобилияту истеъдоди онҳо ҳангоми наворбардории шоу дар Театри опера ва балет рӯзҳои 8-9 июл аз наздик шинос шуда метавонед. Воридшавӣ барои тамошобинон озодона аст. Он ҷо танҳо дарёфти бачаҳо бо либосҳо (футболкаҳо)-и сабз зарур буда, кофист, ки чунин суханонро бигӯед: “Истеъдод аз ту оғоз мегардад!” (Талант начинается с тебя!).

Созмондиҳандагони шоу дар Тоҷикистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва шабакаи телевизионии “Сафина” буда, шарики генералӣ – “Мегафон Тоҷикистон” мебошанд.

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Британия истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон шоуи истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent-о ташкил мекунанд. Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Ӯзбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қаблан ба шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent ду нафар сокинони боистеъдоду қобилиятноки кишвари мо – Қадами Қурбон ва Манижа Тошболтаева таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.