Дар Самарқанд масъалаи таъсиси Ярмаркаи ҳамасолаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешавад

Рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 оид ба амалисозии Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ барои давраи то соли 2020 натиҷагирӣ ва лоиҳаи Стратегияи ба ин монанд […]

Рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 оид ба амалисозии Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ барои давраи то соли 2020 натиҷагирӣ ва лоиҳаи Стратегияи ба ин монанд барои солҳои 2021-2030 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин ташаббуси таъсис раводид (виза)-и муттаҳидаи Осиёи Марказиро аз рӯи усули Шартномаи Шенген ва пешниҳоди Ӯзбекистонро дар мавриди таъсиси Ярмаркаи ҳамасолаи сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳод низ баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви ИДМ соли 1994 таъсис ёфта, фаъолияташ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри рушди робитаҳои байнулмилалии сайёҳӣ, таҳияи стратегияи ягонаи рушди сайёҳӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод, мувофиқасозии самтҳои асосии амалисозии сиёсат дар ин бахш, ба вуҷуд овардани маҳсулоти муштараки рақобатпазири сайёҳӣ ва пешбурди пурсамари он дар бозори байнулмилалӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.