Ҳукмҳои тӯлонии зиндон ба тоҷикистониён дар Маскав барои кӯшиши ташкили садамаи қатора

Date:

Суди ҳарбии ҳавзаи Маскав нисбати аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” барои кӯшиши тобистони соли 2017 ташкил намудани ба садама дучор кардани қатораи “Сапсан” ҳукм содир намуд.

Маҳкумшудагон Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Паймонов, Фарҳод Наҷмуддинов, Суҳробҷон Нозимов, Фарходҷон Нозимов, Абдулғаффор Рауфов ва Ҳамроҷон Рауфов ба муҳлати аз 15 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, хабар медиҳад “РИА Новости”.

Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи майи соли 2017 онҳо ба як гурӯҳи террористӣ мутаҳҳид шуда, тасмим мегиранд, ки қатораи босуръати хатсайри байни Маскав ва Санкт-Петербургро ба фалокату садама дучор мекунанд.

Суд муайян кардааст, ки 13 июл онҳо дар роҳи оҳан сохтори металлиеро насб мекунанд, ки дар натиҷа қатораи аз Маскав раҳсипори “Сапсан” ба он бармехӯрад. Дар натиҷа панҷ вагон чаппа шуда, лекин талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар Идораи роҳи оҳани Русия изҳор намуданд, ки ҳаҷми зиён беш аз 55 млн. рублро ташкил додааст.

Пеш аз мурофиаи судӣ гумонбаршудагон изҳор доштаанд, ки гунаҳкор нестанд ва аз журналистон дархост намуданд, ки онҳоро дар видео наворбардорӣ намуда, “ба ҳамаи мардуми рус нишон диҳанд”.

Бо вуҷуди ин, аз маводи парванда маълум аст, ки яке аз судшавандагон пурра ва боз як нафари дигар қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, дигарон айбномаро рад кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...