«Тоҷикфилм» vs Маргарита Қосимова: чаро филми муштараки Тоҷикистону Беларус наворбардорӣ нашуд?

Нашрияи “Народная воля”-и Беларус чанде пеш дар бораи моҷаро ва нофаҳмиҳо байни “Тоҷикфилм” ва коргардони маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин ҳунарманди кино Маргартиа Қосимова (Марворид Қосимова) маводе ба чоп расонид. Бо истинод ба Қосимова нашрия хабар медиҳад, ки зимни сафари ӯ ба Тоҷикистон дар доираи Кинофестивали байнулмилалии VIII “Дидор” дар Душанбе моҳи октябри […]

Нашрияи “Народная воля”-и Беларус чанде пеш дар бораи моҷаро ва нофаҳмиҳо байни “Тоҷикфилм” ва коргардони маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин ҳунарманди кино Маргартиа Қосимова (Марворид Қосимова) маводе ба чоп расонид.

Бо истинод ба Қосимова нашрия хабар медиҳад, ки зимни сафари ӯ ба Тоҷикистон дар доираи Кинофестивали байнулмилалии VIII “Дидор” дар Душанбе моҳи октябри соли 2018, бо “Тоҷикфилм” ба мувофиқа расидаанд, ки филми муштараки Тоҷикистону Беларусро наворбардорӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, лекин вақте коргардон бо ҷалби панҷ нафар дар Беларус ҳамаи корҳои омодагӣ ба наворбардории филмро ба анҷом мерасонад, киностудияи “Тоҷикфилм” аз наворбардории он даст мекашад.

Дар ҳамин ҳол, дар киностудияи “Тоҷикфилм” мегӯянд, бо Қосимова ба созиш расида буданд, ки бо киностудияи “Беларусфилм” филми муштарак наворбардорӣ карданро дар нақша доштанд.

“Наворбардорӣ бо “Беларусфилм” пешбинӣ гардида буд, лекин Қосимова ширкатҳои хусусиро ба ин кор ҷалб намуда, аз мо пардохти 350 ҳазор доллар маблағро талаб кард, ки барои мо хеле маблағи зиёд аст, зеро бо ин пул дар Тоҷикистон метавон се филм наворбардорӣ кард. Газашта аз ин, мо барои бастани шартнома бо ширкатҳои хусусӣ ҳуқуқ надорем”, – изҳор намуд ба “Азия-Плюс” директори киностудияи “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон.

Директори киностудия қайд кард, ки онҳо аз сенария истифода набурдаанд, аз ин рӯ, набояд маблағ пардохт кунанд. “Ба муаллиф иҷоза додем, ки дар сурати пайдо шудани шахсони манфиатдор онро фурӯшад”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки шояд соли оянда онҳо бори дигар кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки бо ҳамтоҳои беларусии худ филми муштарак наворбардорӣ намоянд.

“Наворбардории филмро дар нақша дорем, лекин агар маблағ пайдо шавад ва танҳо ҳамроҳ бо “Беларусфилм”. Шояд ҳамин сенарияро истифода барем, лекин коргардон шахси дигар мешавад”, – илова намуд Носир Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.