Ҳукмҳои тӯлонии зиндон ба тоҷикистониён дар Маскав барои кӯшиши ташкили садамаи қатора

Суди ҳарбии ҳавзаи Маскав нисбати аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” барои кӯшиши тобистони соли 2017 ташкил намудани ба садама дучор кардани қатораи “Сапсан” ҳукм содир намуд. Маҳкумшудагон Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Паймонов, Фарҳод Наҷмуддинов, Суҳробҷон Нозимов, Фарходҷон Нозимов, Абдулғаффор Рауфов ва Ҳамроҷон Рауфов ба муҳлати аз 15 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, хабар медиҳад […]

Суди ҳарбии ҳавзаи Маскав нисбати аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” барои кӯшиши тобистони соли 2017 ташкил намудани ба садама дучор кардани қатораи “Сапсан” ҳукм содир намуд.

Маҳкумшудагон Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъахон Паймонов, Фарҳод Наҷмуддинов, Суҳробҷон Нозимов, Фарходҷон Нозимов, Абдулғаффор Рауфов ва Ҳамроҷон Рауфов ба муҳлати аз 15 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, хабар медиҳад “РИА Новости”.

Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи майи соли 2017 онҳо ба як гурӯҳи террористӣ мутаҳҳид шуда, тасмим мегиранд, ки қатораи босуръати хатсайри байни Маскав ва Санкт-Петербургро ба фалокату садама дучор мекунанд.

Суд муайян кардааст, ки 13 июл онҳо дар роҳи оҳан сохтори металлиеро насб мекунанд, ки дар натиҷа қатораи аз Маскав раҳсипори “Сапсан” ба он бармехӯрад. Дар натиҷа панҷ вагон чаппа шуда, лекин талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар Идораи роҳи оҳани Русия изҳор намуданд, ки ҳаҷми зиён беш аз 55 млн. рублро ташкил додааст.

Пеш аз мурофиаи судӣ гумонбаршудагон изҳор доштаанд, ки гунаҳкор нестанд ва аз журналистон дархост намуданд, ки онҳоро дар видео наворбардорӣ намуда, “ба ҳамаи мардуми рус нишон диҳанд”.

Бо вуҷуди ин, аз маводи парванда маълум аст, ки яке аз судшавандагон пурра ва боз як нафари дигар қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, дигарон айбномаро рад кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.