Натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввал

Asia-Plus

Нимсолаи якуми соли 2019 дар вилояти Суғд ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,3 фоизро ташкил дод.

Дар ин бора зимни ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дод шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, имсол дар вилоят баистифодадиҳии 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 59 корхона бо 642 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1 миллиарду 850,5 миллион сомониро ташкил дода, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – ум 17,1 фоиз зиёд гардидааст.

Гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1011,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2018 – ум 0,7 фоиз ё 7 миллион доллар зиёд шудааст. Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 миллион доллар рост меояд.

Йайд мешавад, ки дар ин давра аз вилоят ба хориҷи кишвар ба маблағи 224,5 миллион доллар маҳсулот содирот гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро таҳлил намуда, ба масъулин баҳри тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои босифати нақшаи андозҳо, дастгирии соҳибкорон, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои мактабӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, таъмини рушди моҳипарварӣ, ҷалби гардишгарон ба вилоят, тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят тавассути сомонаҳои интернетӣ, ташкили харитаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, аз соли 2018 то инҷониб 2781 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...