Хатсайри ҳавоии аввалини боркашонии Синтзян – Ӯзбекистон

Парвози нахустин тариқи хатсайри ҳавоии боркашонии Урумчӣ – маркази маъмурии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (Шимолу Ғарби Чин) – ба пойтахти Ӯзбекистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 июл сурат гирифт. Ҳавопаймои боркаш бо сарулибос ва маҳсулоти электронии истеҳсоли шаҳрҳои Гуанчжоу (ҷануби Чин) ва Иу (шарқи Чин) аз Урумчӣ соати 16:00 рӯзи душанбе парвоз кард. Хатсайри бозгашт аз […]

Парвози нахустин тариқи хатсайри ҳавоии боркашонии Урумчӣ – маркази маъмурии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (Шимолу Ғарби Чин) – ба пойтахти Ӯзбекистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 июл сурат гирифт.

Ҳавопаймои боркаш бо сарулибос ва маҳсулоти электронии истеҳсоли шаҳрҳои Гуанчжоу (ҷануби Чин) ва Иу (шарқи Чин) аз Урумчӣ соати 16:00 рӯзи душанбе парвоз кард. Хатсайри бозгашт аз Тошканд бо маҳсулоти кишоварзӣ парвоз мекунад, хабар медиҳад CA-News.

Гуфта мешавад, парвозҳо тариқи ин хатсайр 5-7 маротиба дар як ҳафта бо назардошти зарурат анҷом дода мешаванд.

Қаблан барои интиқоли бор аз Чин ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи қатора ё автомашинаи боркаш 12 шабонарӯз вақт сарф мешуд. Пас аз ифтитоҳи хатсайри нави боркашонӣ ин муҳлат то се соат кам мешавад.

Айни замон байни Синтзян ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон 4 хатсайри ҳавоии байнулмилии боркашонӣ амал мекунад, аз ҷумла ҳамчунин ба шаҳрҳои Лежи Белгия, Бишкеки Қирғизистон ва Алмаатои Қазоқистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.