Медалҳои биринҷии толибилмони тоҷик дар олимпиадаи Тел-Авив

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни физика байни толибилмони мактабҳо бо ду медали биринҷӣ баргашт. Медалҳои биринҷии олимпиадаро хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов ба даст оварданд. Боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон хонадаи синфи 11-и Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Иззатулло Юсуфов бо […]

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни физика байни толибилмони мактабҳо бо ду медали биринҷӣ баргашт.

Медалҳои биринҷии олимпиадаро хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов ба даст оварданд.

Боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон хонадаи синфи 11-и Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Иззатулло Юсуфов бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд.

Олимпиада рӯзҳои 7-15 июл дар шаҳри Тел-Авив (Исроил) баргузор шуд. Дар он 384 нафар толибилмон аз 78 кишвар – ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои миллӣ аз фанни физика иштирок карданд.

Ҳамчунин саҳми назарраси хонандагони синфи 10-и гимназияи “Ҳотам ва П.В.” Тимур Саломатшоев ва Яҳё Шамсиев имкон дод, ки Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи 43-юмро касб намояд.

Дар Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." қайд карданд, ки маъмулан малакаҳои начандон хуби озмоишӣ ва синнусоли хонандагони ҷумҳурӣ ба касби зинаи баландтар имкон надоданд, зеро синни миёнаи хонандагони Тоҷикистон нисбат ба аксарияти дигар дастаҳо 2 сол ва зиёда аз он хурдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.