Душанбе ва Сеул ба наздикӣ бародаршаҳр мешаванд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти шаҳрдорӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили  роҳандозии ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳарду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти шаҳрдорӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили  роҳандозии ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳарду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва ғайра баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро рӯи 16 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии сарвазири ин кишвар интизориҳои зиёд дорад.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро  дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ  бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ҳавасманд аст.

Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон-Корея-Ӯзбекистонро дар соли гузашта, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ хусусан дар соҳаи тиҷорату иқтисод арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.