Тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни селфии Asia-Plus ва Huawei

Asia-Plus

Натиҷаҳои озмуни “Селфии ҷолиб”, ки санаи 21 июн – Рӯзи ҷаҳонии селфи (худро аксбардорӣ кардан) бо ташаббуси гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus ва ширкати Huawei роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Муддати 20 рӯз аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ суратҳои гирифтаи худро ба мо фиристоданд.

Рӯзи 12 июл дар барномаи мустақими радиои “Азия-Плюс” бо ёрии генератори рақамҳои тасодуфӣ се ғолиби озмун муайян карда шуда, санаи 16 июл ба онҳо аз ширкати Huawei ҷоизаҳояшон тақдим карда шуд.

Giftbox бо аксессуарҳо барои смартфонҳо ба Муҳаммад Аҳтамов тақдим карда шуд. Ӯ имсол магистратураи факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимиро хатм кардаааст. Дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад.

Сокини шаҳри Душанбе Робия Алимӣ, модари ду фарзанди дӯстрӯяк ба телефони Huawei P Smart соҳиб шуд.

Ва ба ҷоизаи асосӣ – телефони Huawei Р30 Lite Ӯктам Ҷӯраев, сокини шаҳри Гулистон сазовор дониста шуд. Ӯктам Ҷӯраев донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистондар шаҳри Хуҷанд аст. Барои гирифтани ҷоизаи худ ӯ ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...