Тоҷикистону Қирғизистон ҷиддӣ ба ҳалли мушкилот дар сарҳад машғул мешаванд

Вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо дар шаҳри Исфара доир гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара. Дар вохӯрӣ хатти гузариши сарҳади давлатӣ муайян шуда, пешниҳодоти муайян кардани қитъаҳои боқимонда баррасӣ ва ҳамчунин дар бораи баргузор намудани таҳқиқоти муштараки саҳроӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо дар шаҳри Исфара доир гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Дар вохӯрӣ хатти гузариши сарҳади давлатӣ муайян шуда, пешниҳодоти муайян кардани қитъаҳои боқимонда баррасӣ ва ҳамчунин дар бораи баргузор намудани таҳқиқоти муштараки саҳроӣ дар қитъаи марзи ноҳияи Ботканди Қирғизистон тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба наздикӣ вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбеков ба нақша гирифта шудааст.

Дар вохӯрии сарони кишварҳо, тибқи маълумоти манбаъ, ба ҳалли мушкилоти марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан АКИpress бо истинод ба хадамоти матбути президенти Қирғизистон хабар дода буд, ки рӯзи 4 июл зимни мулоқот бо сокинни шаҳру ноҳияи Ботканд Сооронбой Жээнбеков изҳор намуд, ки ҳангоми сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сарҳад созиши ягона ҳосил шудааст.

“Муҳтарам президент Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ ба Қирғизистон меояд ва гуфтушунидҳои мо идома меёбанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли масъалаи марбут ба сарҳадро бидуни таваҷҷуҳ намегузорем. Ҳам президенти Тоҷикистон ва ҳам ман ба гуфтушуниди озоду созанда омодаем”, – зикр карда буд он замон Сооронбой Жээнбеков.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.