Дастгирии ФАО аз таҳкими ҳамаҷонибаи системаи мониторинги ГМО Тоҷикистон

Дар доираи лоиҳаи нави ФАО оид ба мукаммалгардонии иқтидори системаи мониторинги организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта (ГМО) семинар баргузор гардид, ки дар ҳамкории зич бо Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Мониторинги таъсири экологӣ унсури муҳими базаи нормативӣ-ҳуқуқӣ барои организмҳои аз ҷиҳати генетивӣ тағирёфта (ГМО) дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зироатҳои […]

Дар доираи лоиҳаи нави ФАО оид ба мукаммалгардонии иқтидори системаи мониторинги организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта (ГМО) семинар баргузор гардид, ки дар ҳамкории зич бо Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Мониторинги таъсири экологӣ унсури муҳими базаи нормативӣ-ҳуқуқӣ барои организмҳои аз ҷиҳати генетивӣ тағирёфта (ГМО) дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта торафт зиёдтар ба системаи таъминоти озуқавории ҷаҳонӣ ворид мегарданд. Ташвиши истеъмолкунандагон ва хадамотҳои танзимкунанда дар кишварҳои гуногун зарурияти санҷиши боэътимод ва дақиқро барои мавҷудият ва миқдори ҷузъҳои организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта таъкид намудаанд. 

Мониторинги организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта (ГМО) бояд ба мақомотҳои салоҳиятдор дар риоя намудани талаботҳои нормативӣ барои ГМО-и тасвибёфта ва пешгирӣ кардани воридшавии ГМО-и тасвибнаёфта ба қаламрави кишвар шароит фароҳам орад. Он ҳамчунин барои мониторинги таъсири эҳтимолии организмҳои тағирёфтаи зинда ба муҳити зист равона карда шудааст.

ФАО Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва сайъу кӯшишҳоро барои мустаҳкам кардани иқтидори миллӣ барои мониторинг ва назорат кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта дастгирӣ карда, бо ҳамин барои афзоиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мусоидат мекунад.

“Бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад,” – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. – Бинобар биотехнологияи муосир гуногунии озуқаворӣ хеле мураккаб ва гуногунҷанба гардидааст. Ҳоло одамон бояд оид ба манбаи ғизо, шароитҳои коркард, ҳамчунин мавҷудияти маводҳои мухталиф дар таркиби маҳсулот бохабар бошанд.”

Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур барои ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими стратегии ҳукумат, ки ба бехатарии озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифати хуб равона карда шудаанд, мусоидат хоҳад кард. Маълум аст, ки усулҳои дарёфт кардан ва муайян намудани миқдори организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта бояд такмил дода шаванд.

Дар семинар зиёда аз 25 нафар кормандони давлатӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозирати савдо (Тоҷикстандарт) ва бахшҳои хусусӣ иштирок карданд.

Иштирокчиён натиҷаҳои арзёбии эҳтиёҷоти инсонӣ ва институтсионалии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, натиҷаҳои пешакии эҳтиёҷоти ҳуқуқӣ барои ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба системаи мониторинги организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфтаро дар кишвар, инчунин мушкилот ва имкониятҳои марбут ба бехатарии биологии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфтаро баррасӣ мекунанд.

“Мукаммалгардонии иқтидори танзимкунанда таҳти лоиҳаи мазкур ба Ҳукумат ва ҷомеа эътимоди бештарро дар қобилияти кишвар барои бо таври пурсамар идора кардани ҳодисаҳои марбут ба биотехнология таъмин мегардонад,” – илова намуд Гучгелдиев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.