Ду гунаҳкори оташзании Осия ба мактаби махсус фиристода шуданд

Аваз Юлдошев

Ду наврас аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар оташзании Осия Шерзоди 6-сола даст доранд, ба мактаби махсуси шаҳри Душанбе фиристода шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Наврасон 9 ва 10-сола буда, ному насабашон ифшо намешавад. То рух додани ҳодиса онҳо дар мактаби маъмулии ҷамоаташон таҳсил мекарданд.

ВКД сокини 13-солаи Чоряккорон Суннатулло Очилдиевро, ки бемории рӯҳӣ дорад, саркардаи амали оташзании духтарчаи 6-сола номбар мекунад. Ӯ дар Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон қарор дорад.

Зимни тафтишот ошкор шудааст, ки маҳз Очилдиев дар оташзании Осия нақши асосиро доштааст. Илова бар ин, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст, хабар дода буд қаблан ВКД.

Дар Маркази тиббии шаҳрии №3, ки Осия аз замони рух додани ҳодиса дар ин ҷо бистарӣ аст,  рӯзи 12 июл бори шашум ӯро ҷарроҳӣ карданд.

Мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии шаҳрии №3 Тоҳир Зубайдов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки вазъи солимии духтарча муътадил аст: “Нӯшидану истеъмол намудани хӯрокаш хуб буда, барои ҳарҷӣ бештар солим шудани ӯ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Пайвандону наздикон Осия низ мегӯянд, баъди ҳар як ҷарроҳӣ духтарча худро хубтар ҳис мекунад.

“Дидор бо Осия барои мо манъ аст, чунки ӯ то ҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ аст. Айни замон ӯ ҳамроҳи модараш аст ва ӯ ҳам мегӯяд, ки вазъи солимии Осия хеле беҳтар шудааст. Мо ҳамеша дасти дуо мебардорем, ки духтарчаи мо мисли пештара солиму хандон бошад”, – иброз дошт Фотима Зулфонова, модаркалони Осия.

Бино ба гуфтаи табибон, ҳамаи ҷарроҳиҳо танҳо пас аз муайян кардани вазъи бемор гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди бинои истиқоматиаш ҳамроҳи дӯстонаш бозӣ мекард, ба панҷара баста, оташ заданд. Дар натиҷа 65%-и бадани духтарча ҷароҳат ва захму осори сӯхта гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...