Дар Бонки миллӣ ва “Амонатбонк” 1 млн. доллар зиёни молӣ ошкор шуд

Дар ҷараёни санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 88 млн. сомонӣ (зиёда аз 9,3 млн. доллар) зиёни молӣ ошкор шуд. Ин зиён зимни 156 санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор шудааст, хабар медиҳад Палатаи ҳисоб. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ҷараёни санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 88 млн. сомонӣ (зиёда аз 9,3 млн. доллар) зиёни молӣ ошкор шуд.

Ин зиён зимни 156 санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор шудааст, хабар медиҳад Палатаи ҳисоб.

Аз ҷумла зиёнҳои молӣ-моддии зерин ошкор шудааст:

– хароҷоти ғайриқонунӣ – 4,4 млн сомонӣ;

– камбуд ва беасос аз ҳисоб баровардан – 3,7 млн сомонӣ;

– кам кардан ва рӯйпӯш сохтани андозҳо – 30,9 млн. сомонӣ;

– камомад – 37,1 млн. сомонӣ;

– баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмир ва сохтмон – 11,4 млн. сомонӣ;

– зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 237,8 ҳазор сомонӣ;

– пардохт нашудани фоидаҳо аз рӯи саҳмияҳои давлатӣ – 438,9 ҳазор сомонӣ.

“Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо зиёни молӣ дар ҳаҷми 41,1 млн. сомонӣ дар буҷет ва муассисаҳо барқарор шуд”, – таъкид месозанд дар Палатаи ҳисоб.

Гуфта мешавад, нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” аз рӯи нақша санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳаҷми 9, 1 млн. сомонӣ зиёни молӣи ошкор гардида, 7,6 млн. сомониаш барқарор шуд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои 13 санҷиши субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ зиёни молии аз ҳама бештар – 41,1 млн. сомонӣ дар КВД “Манзили дастрас” ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.