Барканории ҳунармандони ӯзбек аз эфир барои ҷонибдорӣ аз Гулнора Каримова

Раҳбарияти телевизиони хусусии "Zo’rTV"-и Ӯзбекистон қарор кардааст, ки сароянда Ҷаҳонгир Фозилҷонов ва ҳунарманд Ҳалима Иброҳимова аз 12 июли соли равон дигар ба эфир роҳ дода нашаванд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ду ҳунарманд барномаи фароғатиеро дар телевизиони мазкур пеш мебурданд. Бин ба гуфтаи як корманди телевизион, ҳамчунин сурудҳои Райҳон Ғаниева ва Зиёда Қобила […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбарияти телевизиони хусусии "Zo’rTV"-и Ӯзбекистон қарор кардааст, ки сароянда Ҷаҳонгир Фозилҷонов ва ҳунарманд Ҳалима Иброҳимова аз 12 июли соли равон дигар ба эфир роҳ дода нашаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ду ҳунарманд барномаи фароғатиеро дар телевизиони мазкур пеш мебурданд.

Бин ба гуфтаи як корманди телевизион, ҳамчунин сурудҳои Райҳон Ғаниева ва Зиёда Қобила аз эфир гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, бархе аз афроди огаҳ аз шоу-бизнеси ӯзбек гуфтаанд, ин ҳунармандон баъди ҷонибдорияшон аз Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карда шудаанд.

Намояндаи иттиҳодияи давлатии "Ӯзбекконсерт", ки фаъолияти ҳунармандонро дар Ӯзбекистон назорат мекунад, гуфт, ин чораандешӣ муваққатӣ хоҳад буд.

Як корманди Zo’rTV ба шарти ифшо нашудани номаш изҳор доштааст, ки раҳбарияти телевизион "дастури шифоҳӣ" додааст, ки Фозилҷонов ва Иброҳимова ба эфир роҳ дода нашаванд. Ҳамчунин тамоми эълонҳо бо иштироки онҳо аз эфир гирифта шуданд.

Ёдрас мешавад, 24-25 июли соли равон чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро ба ҷонибдорӣ аз Гулнора Каримова роҳандозӣ карданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ, ин иқдом хашми раҳбарияти "Ӯзбекконсерт" ва Zo'r TV-ро барангехтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.