Омбудсмен: Рафтор нисбати муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик ғайриинсонӣ буд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода зимни ншасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро нисбати муҳоҷирони кории чанде қабл боздошшудаи тоҷик ғайриинсонӣ мешуморад. “Рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони тоҷик ғайриинсонӣ аст. Дар доираи санадҳои ҳуқуқӣ мо тафтиши ин ҳодисаро талаб мекунем”, – гуфт ӯ. Умед Бобозода қайд […]

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода зимни ншасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро нисбати муҳоҷирони кории чанде қабл боздошшудаи тоҷик ғайриинсонӣ мешуморад.

“Рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони тоҷик ғайриинсонӣ аст. Дар доираи санадҳои ҳуқуқӣ мо тафтиши ин ҳодисаро талаб мекунем”, – гуфт ӯ.

Умед Бобозода қайд кард, ки ниҳоди зертобеъи ӯ бо дархости баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин рафтори кормандони пулиси Русия ба унвони Омбудсмени Русия мактуб фиристодааст.

“Ба Омбудсмени Русия Татяна Москалкова мактуб фиристодем ва дархост намудем, ки ба ин рафтор вокуниш нишон дода шавад. Аз он замон аллакай 10-12 рӯз сипарӣ шуда, лекин то ҳол посухе нарасидааст. Бовар дорам, ки посух мегирем. Ин масъала дар доираи қонун баррасӣ мешавад”, – қайд кард ӯ.

Омбудсмени Тоҷикистон ҳамчунин амали васоити ахбори умуми Русияро, ки танҳо симои манфии муҳоҷирони тоҷикро инъикос мекунанд, маҳкум намуд.

“Ин масъалаи хеле муҳим аст. Шаҳрвандони мо дар Русия натанҳо аробакашанд, балки дар он ҷо намояндагони зиёиён, табибон ва дигар шахсони касбу кори гуногун зиндагӣ доранд. Мисолҳои зиёде гувоҳи онанд, ки шаҳрвандони мо дар Русия унвони илмӣ ҳимоя карда, асару китобҳои дарсӣ навиштаанд”, – иброз дошт вай.

Ӯ ба журналистон итминон дод, ки ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ дар ин самт бо ҳамтоҳои русиягии худ ҳамкорӣ дошта, зимни вохӯриҳо масъалаи боло бурдани нуфуз (имиҷ)-и муҳоҷири тоҷикро ба миён мегузорад.

Ёдрас мекунем, ки ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия дар Маскав то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.