Омбудсмен: Рафтор нисбати муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик ғайриинсонӣ буд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода зимни ншасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро нисбати муҳоҷирони кории чанде қабл боздошшудаи тоҷик ғайриинсонӣ мешуморад.

“Рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони тоҷик ғайриинсонӣ аст. Дар доираи санадҳои ҳуқуқӣ мо тафтиши ин ҳодисаро талаб мекунем”, – гуфт ӯ.

Умед Бобозода қайд кард, ки ниҳоди зертобеъи ӯ бо дархости баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин рафтори кормандони пулиси Русия ба унвони Омбудсмени Русия мактуб фиристодааст.

“Ба Омбудсмени Русия Татяна Москалкова мактуб фиристодем ва дархост намудем, ки ба ин рафтор вокуниш нишон дода шавад. Аз он замон аллакай 10-12 рӯз сипарӣ шуда, лекин то ҳол посухе нарасидааст. Бовар дорам, ки посух мегирем. Ин масъала дар доираи қонун баррасӣ мешавад”, – қайд кард ӯ.

Омбудсмени Тоҷикистон ҳамчунин амали васоити ахбори умуми Русияро, ки танҳо симои манфии муҳоҷирони тоҷикро инъикос мекунанд, маҳкум намуд.

“Ин масъалаи хеле муҳим аст. Шаҳрвандони мо дар Русия натанҳо аробакашанд, балки дар он ҷо намояндагони зиёиён, табибон ва дигар шахсони касбу кори гуногун зиндагӣ доранд. Мисолҳои зиёде гувоҳи онанд, ки шаҳрвандони мо дар Русия унвони илмӣ ҳимоя карда, асару китобҳои дарсӣ навиштаанд”, – иброз дошт вай.

Ӯ ба журналистон итминон дод, ки ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ дар ин самт бо ҳамтоҳои русиягии худ ҳамкорӣ дошта, зимни вохӯриҳо масъалаи боло бурдани нуфуз (имиҷ)-и муҳоҷири тоҷикро ба миён мегузорад.

Ёдрас мекунем, ки ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия дар Маскав то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...