“Амонатбонк” ба наздикӣ ба додани ипотека оғоз мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тағйиротро дар қонун мунтазир аст, то ки ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз намояд.

“Тавре медонед, қарзҳо барои ипотека дарозмуҳлатанд, яъне ба муҳлати на камтар аз 10 сол, – қайд кард раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. – Агар мо саҳмгузориҳои амонатиро ба муҳлати 10 сол дарёфт кунем, метавонем қарзҳои 10-сола пешниҳод намоем”.

Ғайр аз ин, таъкид дошт ӯ, “Амонатбонк” ҳамчунин дар ҳаҷми 417 млн. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дорад.

“Ин бевосита маблағҳои мо буда, қисмате аз онро низ метавонем ба қарздиҳӣ барои ипотека равона созем”, – иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик аз ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” интизорӣ меравад, ки дар он бидуни баҳси судӣ ба ихтиёри бонк гузаштани амволи ба гарав гузошта пешбинӣ мешавад.

Роҳбари бонки давлатӣ таъкид намуд, ки дар сурати қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни зикршуда, “Амонатбонк” ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...