Басташавии роҳҳо ба Исфара зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Аваз Юлдошев

Барои таъмини амният зимни вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 26 июл дар Исфара, ба ин ҷо аз Душанбе нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳо роҳҳо ба самти Исфара аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баста шуда, дар онҳо посгоҳҳои иловагӣ гузошта мешаванд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар давраи ҳузури Сооронбой Жээнбеков дар Исфара сохторҳои қудратии Қирғизистон сарҳадро дар ин самт ҷиддиву бо нерӯҳои иловагӣ посбониву назорат мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки мавзӯи асосӣ дар вохӯрии сарони давлатҳо аввал дар Исфара ва сипас дар Ворух таъмини сулҳу субот дар сарҳад ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон роҳи мошингарди Ворух – Исфара боз буда, ҳукуматдорони Тоҷикистон дирӯз захмиёни ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух бароварданд.

Ҳамчунин қитъаи роҳи Исфана – Ош низ баъди гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...