Иншооти “Дарвозаҳои ғарбии Душанбе” нимаи солҳои 90-уми асри гузашта бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавиди истифода қарор гирифта буд.
Дарвозаҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру наввсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон (қитъаи Қарияи Боло – Дарвозаҳои ғарбии Душанбе) кӯчонида шуданд: субҳи имрӯз дарвозаҳо пурра аз байн бардошта шудааст.
Аз дастгоҳи раиси пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки “Дарвозаҳои нави ғарбии Душанбе” ояндаи наздик дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, вале акнун дар мавзеи назди деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ сохта мешаванд.
“Нисбат ба иншооти кӯчонидашуда дарвозаҳои нави ғарбии пойтахт хеле зеботар ва баландтар хоҳанд шуд”, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


