Талоқ бо СМС. Тоҷикистониёнро ба қатъи ҷудошавӣ тариқи телефон даъват мекунанд

Баҳманёр Нодиров

Ҳамасола тақрибан 100 ҷуфти оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолати ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак расидагӣ шавад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост мекунад, ки ба таҷрибаи аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи “СМС-талоқ” хотима бахшанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2016 Шӯро дар мавриди ҷудошавии оилаҳо тариқи телефон ва смс муроҷиатнома нашр намуд.

“Вақте шахс баргашта, боз зани худро мебинад, шояд қарори ӯ тағйир ёбад, зеро симои шахс қобили эҳтиром буда, як ҳисси самимият ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштани яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд”, – иброз дошт Абдулқодирзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мазҳаби ҳанафӣ кофист, ки мард нисбати ҳамсараш калимаи “талоқ”-ро ба забон орад, ҳатман се маротиба ва бо ҳамин никоҳ шикаста мешавад.

“Дар баъзе мазҳабҳои ислом ҳузури шоҳид зимни ҷудошавии оилаҳо ҳатмӣ аст, лекин дар мазҳаби мо ин тавр нест. Дар ин самт мо корҳои тарғибу фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, то ки шумори аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи телефону смс кам шавад”, – хабар дод ӯ.

Тибқи маълумоти Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамасола тақрибан 100 ҷуфт оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолатҳои ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак, ки дар он ҳамагӣ се калима – “Талоқ, талоқ, талоқ” зикр шудааст, расидагӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...