Дар Тоҷикистон сарулибоси мактабиро арзон карданианд

Asia-Plus

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ поинравии нархро ба сарулибоис мактабӣ бинобар сабаби аз пардохти андозҳо озод кардани истеҳсолкунандагони ин навъи маҳсулот пешгӯӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, аз 2 май қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд, ки имтиёзи мазкур бевосита ба поинравии нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.

“Дар соли хошини 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ  985 ҳазор дона нақшабандӣ карда шудааст, ки иҷори нақша дар моҳҳои январ – июни соли 2019 – 40,7 фоиз таъмин гардидааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо тибқи ҳисоботи оморӣ дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 – 79 ҳазор дона зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут-2000», «Нассоҷи Хуҷанд»,  «Зинат», «Ҳусния-Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Само и  К», «Кохи Бонувон»  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...