Лагери тобистонаи Каритас Олмон барои кӯдакони дорои маъюбият

Иттилоияи расмӣ

Дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, 70 нафар кӯдаки дорои маъюбият, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз ноҳияи Айнӣ дар осоишгоҳи “Шоҳин” барои истироҳати якҳафтаина ҷамъ оварда шуданд.

Лагери тобистона шоми рӯзи дуюм бо афрӯхтани гулхан ба таври расмӣ оғоз гардид. Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” ва осоишгоҳи “Шоҳин” зимни суханони пазироӣ ва ифтитоҳӣ зикр карданд, ки кӯдакони дорои маъюбият дар қатори кӯдакони бе маъюбият ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ ва маишӣ ҳуқуқ ва дастрасии баробар доранд.

Кӯдакони дорои маъюбият, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд.

Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оиди тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.

Дар маросими хайрбод, ки шоми рӯзи ахир баргузор гардид, кӯдакони дорои маъюбият ҳозиринро бо пешкаши маҳсулоти дастии худ, қироати шеъру сароидани сурудҳо ва намоиши саҳначаҳое, ки ҳангоми буду бошашон дар лагери тобистона омода ва аз худ карда буданд, шод намуданд ва барои иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон ва дастгирии ҳамдигар, инчунин беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони дорои маъюбият ҳадафи асоси лагери тобистона буд.

Аз соли 2010 ин ҷониб, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон, ду лоиҳа дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Деваштич бомуваффақият иҷро карда шуд ва ду лоиҳаи дигар айни замон дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Айнӣ мавриди амал қарор доранд, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсони дорои маъюбият тавассути татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...