Як зани душанбегӣ бо корд ба ҳамсоязан дарафтод

Ба гумони даст доштан дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба зани 27-сола бо истифода аз корд, кормандони милитсия зани 43-солаи сокини маҳаллаи Испечакро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо ҳамсоязан ӯ нахуст занро лату кӯб ва сипас бо корд 1 маротиба ба дасташ задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ […]

Ба гумони даст доштан дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба зани 27-сола бо истифода аз корд, кормандони милитсия зани 43-солаи сокини маҳаллаи Испечакро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо ҳамсоязан ӯ нахуст занро лату кӯб ва сипас бо корд 1 маротиба ба дасташ задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳодисаи дуюм дар ҷамоати Чортеппаи ноҳия Рӯдакӣ рух додааст: шахси номаълум бо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба шикам ва 2 маротиба ба рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз рӯи ин далел сокини 22-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст.

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд ба бародари худ сокини 44-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Онҳо ҳамроҳ машрубот нӯшида, бо сабаби муноқишаи бамиёномада ба ҷисми бародари 43-солааш 16-маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.