Дар Хуҷанд се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд. Бино ба итттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои тафреҳ интихоб карданд, ки дар он […]

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд.

Бино ба итттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои тафреҳ интихоб карданд, ки дар он оббозӣ мамнуъ буд.

“Вақте вориди об шуданду каме пештар рафтанд, маҷоли бозгашт наёфтанд, ҷараёни об ва умқи он онҳоро ба худ мекашид ва тадриҷан ғарқ мешуданд. Касе аз онҳо ба каси дигаре наметавонист ёрӣ расонад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки ҳамвора дар соҳилҳои рӯди Сир навбатдорӣ мекунанд, ба кӯмаки онҳо расиданд ва ин се танро аз об берун оварданд.

Қайд мешавад, ки наҷотдиҳандагон дар навбатдории шабонарӯзии худ бештар ба ҷойҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки оббозӣ мамнуъ аст, чун медонанд, ки сокинон бо вуҷуди огоҳиҳо он маконҳоро ҷойи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд ва ҳатман вориди об мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки зарфи як ҳафтаи охир наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар Суғд 8 нафарр аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.